Коронавирус (SARS-CoV-2) ва бемории КОВИД-19 дар тамоми ҷаҳон паҳн шуда истодаанд.

Иштироки Шумо дар омӯзиши “Ҳаёт бо Корона” барои муҳаққиқон дар бораи оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии пандемияи Коронавирус маълумоти арзишманд хоҳад дод.

“Ҳаёт бо Корона” лоиҳаи илмии шаҳрвандӣ буда, бо ташаббуси гурӯҳи олимони Маркази байналмилалии амният ва рушд (МБАР), Институти зироатҳои сабзавотӣ ва ороишӣ (ИЗСО), Институти ҷаҳонии таҳқиқоти иқтисодии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид (UNU-WIDER) ва Институти таҳқиқоти рушд (ИТР) оғоз ёфтааст ва бо шарикони байналмилалӣ зич ҳамкорӣ менамояд. Таҳқиқот 23 марти соли 2020 оғоз шуда, ҳадди аққал тӯли соли 2020 идома меёбад. Омӯзиши мазкур аз ҷониби гурӯҳи байналмилалии муҳаққиқон ва волонтёрон таҳти роҳбарии профессор Тилман Брюк гузаронида мешавад. Тадқиқот тасдиқи этикиро аз ҷониби UNU-WIDER бо рақами истинодии “UNU-WIDER – 01/2020” ба даст овардааст.

Дар ҳолати пайдо шудани савол, хоҳишмандем ба почтаи электронии lifewithcorona@isdc.org тамос оваред

Гузаштани пурсиш тақрибан 10-15 дақиқаро талаб менамояд.

Дар сафҳаи навбатӣ, лутфан забони дилхоҳатонро аз руйхати афтанда дар тарафи рости болои саҳифа интихоб намоед.


МУҲИМ: Барои бозгашт ба бахши пешинаи пурсиш лутфан тугмачаи таъиншудаи «бозгашт»-ро пахш намуда, аз истифодабарии тугмаи бозгашти браузератон худдорӣ намоед.

Барои гузаштани пурсиш истифода бурдани Google Chrome ё Mozilla Firefox-ро тавсия медиҳем.

LinkedIn